Олтовул (саҳеҳаш О лтиовул), деҳаест дар Совети қишлоқ Даҳанаи район ва вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи С. Амиршоев. Аз Олтовул то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 19 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1100 нафар. (1981), тоҷикон. Устохонаи оҳангарӣ, базаи
нефт, осиёб, пункти пахтахушккунии механикӣ ва фермаи бӯрдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ ва кирмақдорӣ. Заминҳо аз дарёи Яхсу обёрӣ мешаванд.