Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Оқариқ

Деҳаи Оқариқ

Оқариқ деҳаест дар Совети қишлоқи Унҷии pайони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 7 километр; роҳ асфалтпӯш.

Аҳолиаш 3415 нафар (1981), тоҷикон. Оқариқ мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, ошхона, 2 мага­зин, меҳмонхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, боғу токдорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд. Оқариқ зодгоҳи Тошхӯҷа Асирӣ аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …