Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Ниёзбек

Деҳаи Ниёзбек

Ниёзбек, деҳа, маркази Совети қишлоқ Э. Шарифов, pайони Копибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Ниёзбек то маркази район 20 км, то стансияи роҳи о.ҳан «Маҳрам» 5 км; роҳ асфалт­пӯш. Аҳолиаш 4185 нафар (1982), ӯзбекҳо, тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, таваллудхона, пункти тиббӣ, амбулатория, шӯъбаи алоқа, боғчаи бачаҳо, ошхонаю нонвойхона, 3 чойхона, 3 магазин, нуқтаҳои хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо ба воситаи Канали Калони Фарғона ва насосҳо аз дарёи Сир об­ёрӣ мешаванд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …