Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Наршахӣ

Деҳаи Наршахӣ

Наршахӣ     (899, деҳаи Наршахӣ назди Бухоро — 950—60, Бухоро), муаррихи асри 10 форс-тоҷик. Шарҳи ҳоли Наршахӣ дар ягон сарчашма дида намешавад. Аз иқтибосҳои парешони китоби Самъонӣ, ки то замони мо нарасидааст, маълум мегардад, ки номи пурраи ӯ Абубакр Мухаммад ибни Ҷаъфар ибни Закариё ибни Ҳаттоб ибни Шарик будааст. Наршахӣ сармуншии дарбори Сомониён буд. Аз Наршахӣ бо номи «Таърихи Наршахӣ» ё ки «Таърихи Бухоро» китобе боқӣ мондааст, ки солҳои 943—944 ба забони арабӣ навишта, ба амир Абӯмуҳаммад Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ бахшидааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …