Намуна деҳаест дар Совети қишлоқи ба номи Свердлови райони Ҷиликул, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 киллометр. Аҳолиаш 535 нафар (1982), тоҷикон ва туркманҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, магазин, фермаҳои хукпарварӣ ва мурғпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ ва парвариши зироати хӯроки чорво. Заминҳо ба воситаи канал аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …