Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Мадрушкат

Деҳаи Мадрушкат

МАДРУШКАТ, деҳа дар С. қ. Лангари pайони Мастчоҳ вилояти Ленинобод. То соли 1956 маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ буд. Терр. Иттиҳодияи гӯсфандпарварии ноҳияи Мастчоҳ. Аз Мадрушкат то маркази С. қ. 10 км ва то район 326 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 226 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, китобхона, беморхона, шӯъбаи алоқа, магазин, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии кишлоқ, сартарошхона дорад. Соҳаҳои хонагӣ — чорводорӣ, ғаллаю юнучқакорӣ, боғдорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Ровут обёрӣ мешаванд.

деҳаb МАДРУШКАТ

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …