Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРОЙ

Деҳаи САРОЙ

САРОЙ, деҳаест дар Совети қишлоқи Мискинободи райони Файзбоди Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Ҳамза -Ҳакимзода. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқи 5 километр, то район 35 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 900 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз каналу чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …