Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРО

Деҳаи САРО

САРО, Қ ӯ р у қ, деҳаест дар Совети қишлоқи Понғози райони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Съезди 25-уми Коммунистическая Партия Советского Союза». Аз Саро то маркази Совети қишлоқ 10 километр, то район 8 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 2075 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, китобхона, чойхона, 2 магазин, дӯкони сабзавот ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва боғдорист. Заминҳо аз сои Понғоз ва аз дарёи Сир ба воситаи насосҳо обёрӣ ме- шаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …