САРИСАНГПУЛ, деҳаест дар Совети қишлоқ Шинги райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ километр 28, то район 68 километр. Аҳолиаш 155 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ чорводорист. Заминҳо аз кули Ҳазорчашма обёрӣ мешаванд.