Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРИСАФЕДХОК

Деҳаи САРИСАФЕДХОК

САРИСАФЕДХОК, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷавонони райони Файзободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Г. К. Орҷоникидзе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва район километр 19; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиааш 200 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ҳаштсола, клуб, китобхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорво- дорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …