Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРИМАЗОР

Деҳаи САРИМАЗОР

САРИМАЗОР, деҳаест дар Совети қишлоқ Гулисурхи райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Роҳи Ленин». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 2 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 850 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби 8-сола, магазин ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва обчакорист. Заминҳо аз обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …