Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРИКУӢ

Деҳаи САРИКУӢ

САРИКУӢ, деҳаест дар Совети қишлоқ Пӯлодони райони Конибодом, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Москва». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 1 километр , то шаҳри Конибодом 3 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 5950 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 2 мактаби миёна, клуб, хонаи маданият, дорухона, 2 амбулатория, кассаи амонатӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ, 9 магазин, 4 нонвойхона, 5 чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва кирмакдорист. Заминҳо аз Канали Калони Фарғона обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …