Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРИКЕНҶА

Деҳаи САРИКЕНҶА

САРИКЕНҶА, деҳа, маркази Совети қишлоқ Муғсуи райони Ҷиргатоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Лахш-2*. Аз Сарикенҷа то маркази район 60 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 770 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Деҳа мактаби миёна, хонаи маданият дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ, ғаллаву картошкакорист. Заминҳо аз канал ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …