САРИКАМАР, деҳаест дар Совети қишлоқ Туғмазори райони Ваҳдати Тоҷикистон. Территорияи Хоҷагии ҷангалпарварии райони Орҷоникидзеобод. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 17 километр, то район 70 километр. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ ҷангалпарварист.