Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРИҚМУҒУЛ

Деҳаи САРИҚМУҒУЛ

САРИҚМУҒУЛ, деҳаест дар Совети қишлоқ Қарокӯли райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Қизил чегарачӣ». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 185 километр, то район 280 километр. Аҳолиаш 1630 нафар (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, кинотеатр, касалхола, ус- тохонаҳои либосдӯзӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва зироаткорист. Заминҳо аз дарёчаҳои Сариқмуғул ва Талдиқсу обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …