Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САРГАЗОН

Деҳаи САРГАЗОН

САРГАЗОН, деҳаест дар Совети қишлоқи Оқсуи райони Данғара, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 9 километр, то район 10 километр, роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1280 нафар (1981). Деҳа мактаби миёна, китобх она, пункти тиббӣ, касалхона, магазин, нуқтаҳои хизмати маишӣ (пойафзолдӯзӣ, чӯбу тахтабурӣ ва ғайра), фермаи чорвои ширдеҳ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷаги пахтакорӣ, ғаллакории лалмӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …