Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САФЕДШАҲРАК

Деҳаи САФЕДШАҲРАК

САФЕДШАҲРАК, деҳаест дар Совети қишлоқ Лоҳутии райони Ховалинг, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози ба номи Лоҳутӣ. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 68 километр. Аҳолиаш 340 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, пункти тиббӣ, фермаи бӯрдоқипарварӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакории лалмӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …