САФЕДОРОН, деҳаест дар Совети қишлоқ Сағирдашти райони Қалъайхуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ . Территорияи совхози ба номи Ю. Фучик. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 20 километр, то район 53 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 108 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз дарёчаи Шаъли обёрӣ мешаванд.