САФЕДОРОН, деҳаест дар Совети қишлоқ Сармантои райони Панҷ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Ф. Э. Дзержинский. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва район 8 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1285 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, боғчаи бачагон, магазин ва парки тракторҳо дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва кирмакдорист. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.