Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САФЕДОРАК

Деҳаи САФЕДОРАК

САФЕДОРАК, деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳмалики райони Ленини Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Ҳасан. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 9 километр, то район 77 километр. Аҳолиаш 260 нафар (1981), тоҷикон. Мақтаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокукорист. Заминҳо аз сои Сафедорак обёрӣ мешаванд. Дар наздикии деҳа базаи республикавии лижатозӣ ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …