Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САФАРМАТ

Деҳаи САФАРМАТ

САФАРМАТ, деҳаест дар райони Фархори вилояти Кӯлоб, маркази Совети қишлоқи Ватан. Территорияи колхозизи ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркази район 10 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 610 нафар (1981), асосан тоҷикон. Мактаб-ин- тернати давлатӣ, 2 клуб, 2 китобхона, касалхона, дорухона, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои печкасозӣ, оҳангарӣ, тӯрбофӣ), магазин, парки механизмҳои хоҷагии қишлоқи колхоз, Стансияи бордоркунни чорвои колхоз ва устохонаи таъмири мошинҳои боркаши колхоз дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ, боғу токдорӣ ва кирмакдорист.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …