САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози «Сағирдашт». Аз Деҳа то маркази район 75 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 625 нафар (1984), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, интернати давлатӣ, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, касалхона, устохонаҳои либосдузӣ, дуредгарӣ ва оҳангарӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ чорводорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САЪДИИ ШЕРОЗӢ
САЪДИИ ШЕРОЗӢ, деҳаест дар Совети посёлкаи Ҳаёти нави райони Ёвон, вилояти Қурғоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …