Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи РОҒ

Деҳаи РОҒ

РОҒ, деҳаест дар Совети қишлоқи Лавгари pайони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гусфандпарварӣ. Аз де¬ҳа то маркази Совети қишлоқ 60 км, то район 386 км. Аҳолиаш 300 нафар (1981), то¬ҷикон. Мактаби 8-сола, пункти тиб¬бӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш зироаткорӣ (гандум, ҷав) ва чорводорист. Заминҳо аз дарёчаи кӯҳии Шир обёрӣ мешаванд. Аз деҳа навиштаҷоти рӯи санг ёфт шуд, ки ба ибтидои асри 14 мансуб аст. Масҷиди деҳа дар асри 19 бино ёфта, бо маҳорати баланд кандакорӣ шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …