Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати Ошур

Давлати Ошур

Ошур давлати қадимест дар ҳудуди ҳозираи Ироқ. Дар миёнаи ҳазораи 2 то милод шаҳри Ошур ва мулкҳои он маркази Ошур шуд. Машғулияти асо­сии аҳоли чорводорӣ ва деҳқонӣ буд. Захираҳои ҷангал, санг, фулузот ба тараққиёти ҳунармандӣ мусоидагг мекарданд. Ошур аз рӯи мавқеи географӣ василаи савдои байни Байнаннаҳрайн ва Осиёи Хурд буд. Ошурро асри 18 то милод Бобулистон, дар асрҳои 16—15 то милод. Миттани забт карданд.

Вале шоҳи Ошур Ошурбаллит (охири асри 15 — аввли асри 14 то милод) истиқлолият ба даст оварда, Бобулистонро ба худ тобеъ кард. Асрҳои 16—13 давраи ҳукмронии падаршоҳӣ буд ва ҳамон вақтҳо ба табақаҳо ҷудошавии аҳо- лӣ cap шуд. Дар натиҷаи ҷангҳои истилогаронаи асрҳои 14—13 то милод дар Ошур шумораи ғуломон афзуд. Ошур охири асри 12 — аввали асри 11 то милод дар Бобулис­тон, Сурияи Шимолӣ, Финидия бомуваффақият ҷангида, ба пуштакӯҳи Арманистон тохтутозҳо кард. Вале дар натиҷаи ҳаракати қабилаҳои оромиҳо суст ва ба қисмҳо чудо шуд.

Шоҳони Ошур асрҳои 10—9 то милод низ ба мудобили Бобулистон, Урар­ту, Мод, Сурия ҷангҳои истилогарона карданд. Дар натиҷаи ҷангдо хоҷагии қишлоқ хароб гардида, бӯҳрони иҷтимоию сиёсӣ ба амал омад. Дар мамлакат низоъҳои дохилӣ cap зада, дар натиҷаи ҷанги сеюми гражданӣ Тиглатпаласари III подшоҳ шуд (745— 727 то милод). Ӯ ислоҳоти давлатӣ гузаронида, муҳоҷирати оммавии қаби­лаҳои тобеъро ба қонун даровард, ҳуқуқи волиёнро маҳдуд намуда, армияи мунтазам ташкил кард. Дар аҳди ӯ ҷангҳои истилогарона боз авҷ гирифтанд.

Ошур дар зарфи 100 сол қариб хамаи Осиёи Пеш ва Мисрро забт карда, ба давлати тавоно табдил ёфт. Зиддияту низоъҳои дохилӣ, муборизаи озодихоҳонаи халқҳои то­беъ давлати Ошурро суст карданд. Ҷанги Ошурбонипал (669 — тадриҷан 633 то милод) ба мудобили Бобулистон ва иттифодқчиёни он Ошурро заиф кард. Баъди ҷанги дарозмуддат соли 605 то милод Ошур аз Бобулистон ва Мод шикает хӯрд ва пароканда гардид. Аҳоли бо оромиҳои Байнаннаҳрайн омехта шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …