Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Луара

Дарёи Луара

ДАРЁИ ЛУАРА (Loire), дарозтарин дарёи Фаронса. Тӯлаш 1012 километр ва масоҳати ҳавзааш 115 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Севенна cap шуда, ба халиҷи Бискаи уқёнуси Атлантик мерезад. Шохобҳои асосиаш: Шер, Венна, Сарта бо Луара.

Дарёи Луара

Манбаи дарёи Луара аз борону барф иборат аст. Давраи пуробиаш феврал ва март, камобиаш август ва сентябр Сарфи миёнаи об дар поёноб 843 мэ/сон. зиёдтаринаш 6—8 ҳаз. м3/сон. То шаҳри Роанн киштигард, то шаҳри Нант (аз резишгоҳ 53 километр) киштиҳои баҳрӣ шино мекунанд. Лаура каналхо бо дарёҳои Сена, Сона ва Рейн пайвастаанд. Дар соҳилҳои Лаура шаҳрҳои Роанн, Орлеан, Тур, Нант воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …