Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Оҳайо

Дарёи Оҳайо

Дарёи Оҳайо (Ohio River), дарёест дар ШМА, шохоби чапи дарёи Миссисипӣ. Тулаш 1580 километр, масоҳати ҳавзааш 528,1 ҳазор километр. Дар наздикии шаҳри Питсбург аз ҳамроҳшавии дарёҳои Аллегейнӣ ва Мовонгахила, ки дар колхозҳои Аппалачи ибтидо меёбанд, ба вуҷуд омадааст. Шохобҳои асосиаш; аз рост — Мас­кингем, Майами, Уобаш; аз чап — Кентукки, Каноуа, Камберленд, Тен­несси.

Дарёи Оҳаё
Сурати Дарёи Оҳаё

То шаҳри Луисвилл Огайо аз пуштакӯҳи Аппалачи, баъд аз Ҳамвории Маркази ҷорӣ мешавад. Давраи пуробиаш ба мавсими хунуки сол рост меояд, моҳҳои август— сентябр камоб ме­шавад. Сарфи миёнаи об дар наздикии шаҳри Метрополис қариб 8000 меттри мукааб дар  як сония.

ДАР ХАРИТА

Дар ин дарё обхезиҳои калон шуда меистад; махсусан обхезиҳои солҳои 1887, 1918, 1927, 1937 фалокатовар бу­данд. Дарё киштигард аст. Даро­зии роҳҳои обӣ дар ҳавзаи Оҳайо қариб 4000 километр аст. Дар Оҳайо ва шохобҳои он НОБ-ҳо сохта шудаанд. Дар соҳилҳои он шаҳрҳои Питсбург, Синсинна­ти, Луисвилл воқеанд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ДАРЁ

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …