Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи САНГЗОР

Дарёи САНГЗОР

sa

САНГЗОР, дарёест дар вилояти Ҷиззахи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон. Тӯлаш 198 километр, масоҳ. ҳавзааш 3220 км2 (қнсми кӯҳиаш). Аз нишебии шимолии қаторкӯҳи Туркистон оғоз ёфта, ба кӯли бастаи Тузкон (канори ғарбии Мирзочӯл) мерезад. Болооби дарё Ғӯралассой ном дорад. Дарё дар наздикии деҳаи Кичик Қарошақшақ баъди ҳамроҳ шудани Ҷонтекасой Сангзор ном ме- гирад. Поёнтар аз шаҳри Ҷиззах бошад, Сангзори Қилӣ меноманд. Сангзор дарёи камоб аст. Сарфи бисёрсолаи об (дар наздикии Гулқишлоқ) ба ҳисоби миёна қариб 2 метр3/сония. Оби Сангзор якҷоя бо оби канали Эски Туятортар барои обёрии воҳаи Ҷиззах сарф мешавад. Дар даромадгоҳи воҳа сарфи бисёрсолаи об ба ҳисоби миёна 4 метр3/сония. Баъди аз воҳаи Ҷиззах гузаштан маҷрои дарё аксар вақт хушк мешавад. Манбааш обҳои барф ва борон. Давраи пуробиаш аз охири март то аввали июл. Бо мақсади танзим ва истифодаи самараноки оби Сангзор обанбори Ҷиззах сохта шудааст. Ба воситаи Канали Эски Туятортар ба Сангзор оби дарёи Зарафшон ҷорӣ шуда, дар поёнтари воҳаи Ҷиззах ба он оби Канали Ҷануби Мирзочӯл, инчунин зиёда аз 80 сою дарёчаҳо (Хӯҷасой, Бойқӯнғирсой, Кӯкҷарсой, Оққӯрғонсой, Тангатопдисой, Сутариқ, Бахмазорсой, Навқасой ва ғайра) ҳамроҳ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …