Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи САМАРА

Дарёи САМАРА

САМАРА, С а м а р к а, дарёест дар вилоятҳои Оренбург ва Куйбишеви РСФСР, шохоби чапи дарёи Волга. Тӯлаш 594 км, масоҳати ҳавзааш 46500 км2. Аз баландии Сирти Умумӣ ибтидо ёфта, ба обанбори Саратов мерезад.

0_1

Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи об 236 км болотар аз резишгоҳ 47,2 м°/сон. Давраи обхезӣ апрел — аввалҳои май. Ноябр— аввалҳои декабр ях баста, апрел яхаш об мешавад. Шохоби асосиаш — Кинели Калон (аз рост). Дар соҳилҳои Самара шаҳрҳои Сорочинск, Бузулук ва дар резишгоҳаш шаҳри Куйбишев воқеъ гаштаанд. Дар ҳавзаи Самара конҳои нефт мавҷуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …