Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи САКМАРА

Дарёи САКМАРА

САКМАРА, дарёест дар РАСС Бошқ ва вилояти Оренбурги РСФСР, шохоби рости дарёи Урал. Тӯлаш 798 мм, масоҳ, ҳавзааш 30,2 ҳазор км2. Аз нишебиҳои қаторкӯҳи Уралтов ибтидо ёфта, дар Ҷануб аз водии васеи кӯҳӣ ҷори мешавад.

0_mediagal_3358_1

Аз пуштакӯҳи Зилаир ва дараи чуқур гузашта, ба Ғарб тоб мехӯрад. Манбааш асосан барф. Давраи пуробиаш аз апрел то аввали июн. Ноябр ях баста, апрел яхаш об мешавад. Шохобҳои асосиаш аз рост — Зилаир, Ики Калом ва Солмиш. Поёноби Сакмара киштигард аст. Дар соҳили дарё шаҳри Қувондиқ, дар наздикии резишгоҳаш, дар соҳили дарёи Урал шаҳри Оренбург воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …