Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Панҷ

Дарёи Панҷ

Панҷ (болооби дарёи Аму), дарёест дар қануби РСС Тоҷикистон. Аз якшавии дарёҳои Помиру Вахон ба вуҷуд омада, қад-қади сарҳади СССР ва Афғонистон ҷорӣ мешавад. Баъди ҳамроҳ шудани дарёи Вахш он Аму ном мегирад. Тӯли Панҷ 921 км, масоҳаташ ҳавзааш 114 ҳазор км2. Қисми зиёди дарё аз водии танг ҷорист.

Манбааш пирях ва барф. Сарфи об ба ҳисоби миёна 1000 мэ/сон. Шохобҳои асосии Панҷ аз рост: Рунд, Бартанг, Язгулом, Ванҷ, Қизилсу, аз ҷануб Шива, Кӯкча. Оби Панҷ бештар барои обёрии заминҳо истифода мешавад. Аз во­дии Панҷ роҳи автамобилгарди Ду­шанбе — Хоруғ мегузарад. Поёноби дарё (аз посёлкаи Панҷи Поён то дарёи Аму) киштигард аст. Дар соҳилҳои Панҷ шохобҳои Панҷ ва Хоруғ воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …