Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Онон

Дарёи Онон

Онон, дарёест дар Республикаи Халқии Монголия ва вилояти Читаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Бо дарёи Ингода ҳамроҳ шуда дарёи Шилка (ҳавзаи Амур)-ро ташкил медиҳад. Тӯлаш 1032 километр; масоҳати ҳавзааш 96200 километр2. Аз кӯҳсори Хэнтэй оғоз ёфта, дар масофаи зиёд дашти баланди ҳамворро бурида мегузарад.

Ҷазираҳои бисёре до­рад. Манбааш асосан барф. Сарфи об дар наздикии резишгоҳ ба ҳисоби миёна 191 метрэ/сония. Ноябр ях баста, апрел яхаш об мешавад. Шохобҳо: аз рост — Хуpax-Гол, Борзя, Унда; аз чап — Агуса, Кира, Ага. Барои обёрӣ ва аз об таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ истифода мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …