Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Ом

Дарёи Ом

Ом, дарёест дар вилоятҳои Ново­сибирск ва Омски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалисти Россия, шохоби рости дарёи Иртиш (ҳавзаи дарёи Об). Тӯлаш 1091 километр, масоҳати ҳавзааш 52 600 километр2. Аз канори ҷануби шарқии ҳамвории Васюган ибтидо ёфта, бештар дар пастии Барабин ҷорӣ мешавад.

Манбааш асосаи барф. Давраи серобиаш май — июл. Сарфи миёнаи об 121 километр болотар аз резишгоҳ 64 метр/сония; максималиаш 814 метр/сония, минималиаш 0,80 метр/сония. Зимистон ях мебандад. Шохобҳои асосиаш аз рост: Ича, Кама, Тартас. Дар поёнобаш ба масофаи 100 километр салкашӣ мекунанд. Аз шаҳри Куйбышев сар карда киштигард аст. Дар соҳили Омск шаҳри Калачинск ва дар назди резишгоҳаш шаҳри Омск воқеанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …