Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Оленёк

Дарёи Оленёк

Оленёк, дарёест дар РАСС Ёқут., қисми болообаш дар кишвари Краснояри РСФСР. Тӯлаш 2292 километр, масоҳати ҳавзааш 220 ҳазор километр2. Аз пуштакӯҳи Вилюй cap шуда, баъди аз қисми шимоли паҳнкӯҳи Сибири Миёнаю пастии Сибири Шимолӣ гузаштан ба халиҷи Оленёки баҳри Лаптевҳо мерезад ва дар резишгоҳаш делта (масоҳат 475 километр2, тӯлаш 20 километр) ҳосил мекунад.

Шохобҳои калонаш: аз чап — Унукит, Биректе, Бур, Куойка ва Беенчиме; аз рост — Силигир, Мерчимден. Манбааш барфу борон. Сарфи об дар резишгоҳ ба ҳисоби миёна 1210 метр*/сония. Сентябр—-октябр ях баста, май—июн аз ях холӣ мешавад. Оленёк сермоҳист (ряпушка, омул, муксун, нелма, таймен ва ғайра). Дар соҳилҳои он маҳалҳои аҳолинишини Оленёк, Таймилир, Уст-Оленёк воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …