Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Олекма

Дарёи Олекма

Олекма, дарёест дар вилоятҳои Чита, Амур ва РАСС Еқутистони РСФСР, шохоби рости дарёи Лена. Саробаш дар нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Мурой (Олёкминский Становик). Аввал ба Шимоли Шарқ ва баъд ба Шимоли Ғарб ҷорӣ шуда, дар наздикии шаҳри Олёкминск ба дарёи Лена ҳамроҳ мешавад.

Тулаш 1436 километр, масоҳати ҳавзааш 210 ҳазор километр2. Манбаи оби дарё борону барф. Сарфи об ба ҳисоби миёна 1950 метр3/сония. Дарё аз нимаҳои октябр то нимаҳои май яхпӯш аст. Шохобҳои калонаш аз тарафи рост — Тун­гир, Нюкжа; аз тарафи чап — Ча­ра. Киштигардӣ — аз резишгоҳ то стансияи Енюк, салронӣ — поёнтар аз резишгоқи Тунгир.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …