Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Оқсӯ

Дарёи Оқсӯ

Оқсӯ, дарёест дар Помири Шарқӣ, болооби дарёҳои Бартангу Мурғоб. Тӯлааш 222 километр, масоҳати ҳавзааш 10 500 километр2. Аз нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ва­хон cap шуда, 37 километраш аз территорияи Афғонистон ва боқимондааш аз территорияи райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ мегузарад. 15 километр шарқтар аз посёлкаи Мурғоб ба Оқсу дарёи Оқбайтали Ҷанубӣ ҳамроҳ мешавад ва он Мурғоб ном мегирад.

Водии дарё дар болообааш тангу чуқур бу­да, дар территорияи Помири Советӣ то 10— 15 километр васеъ мешавад. Манбааш пиряху барф. Сарфи миёнаи об тобистон дар наздикии посёлкаи Мурғоб 24— 47 метрэ/сония, зимистон 4—5 метр3/сония. Шохобҳои асосиаш: аз рост — Тегирмонсу, Хонйӯлӣ, Бейик, Болғин, аз чап — Истиқлолияти Сулуистиқ. Дар қарибии саргади Оқсу Чақмоқтинкӯл воқеъ гаштааст. Дарё зимистон ях ме- бандад. Дар қисми дарёбоди Оқсу марғзордои сералаф бисёранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …