Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Одра

Дарёи Одра

Одра, Одер (ба Чехию пол. Odra; нем. Oder), дарё дар Европаи Ғарбӣ. Аз кӯҳҳои Судети Шарки (Чехос­ловакия) ибтидо ёфта, баъд ба территорияи Полша мегузарад. Пас аз ҳамроҳшавии дарёи Ниса-Лужиска қад-қади сарҳади Полшаю Республикаи Демократии Германия ҷорӣ шуда то шаҳри Грифино мерасад ва дар охир ба халиҷи Шесипи баҳри Балтика мерезад.

Тӯлаш 903 километр, масоҳати ҳавзааш қариб 125 ҳазор кмлометр2. Шохоби асосиаш: аз ҷануби — Бубр ва Ниса-Лужиска; аз рост — Варта. Поёнтар аз резишгоҳи дарёи Ниса-Лужиска Одра сербар (зиёда аз 200 метр) ва пуроб аст. 84 километр боло­тар аз резишгоҳи он ба 2 шоха тақсим мешавад, ки ғарбиаш киштигард мебошад. Манбан об — барфу борон. Давраи серобиаш баҳорон.

Сарфи миёнаи об дар наздикии резишгоҳ 480 метр3/сония, максималиаш 3000 метр3/сония. Ба воситаи Одра ба баҳр соле 16 километр3 об ҷорӣ мешавад. Танҳо дар зимистони қаҳратун ях мебандад. Аз резишгоҳи дарёи Опава (Чехос­ловакия) поён киштиҳои хурд ва аз шаҳри Козле (Полша) поён киштиҳои калон рафтуо доранд. Одра ба воситаи каналҳо бо дарёҳои Элба ва Висла алоқаманд аст. Дар соҳилҳои Одра  штатҳои Острава (Чехословакия), Ополе, Врослав, Шесин (Полша), Франкфурта Одер (Республикаи Демократии Германия) ҷойгир шудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …