Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Норин

Дарёи Норин

Норин, дарёест дар РСС Ӯзбекистон ва РСС Қирғизистон Аз Тиёншони Марказӣ cap мешавад. Тӯлаш 807 км, масоҳаташ ҳавзааш 59,1 ҳазор кма. Дарё 44 км шарқтар аз шаҳри Нории, аз якшавии дарёҳои Норини Калон ва Норини Хурд ба вуҷуд омадааст. Ба он дарёҳои Ӯнарча, Кӯкҷертӣ, Отбошӣ, Олабуға, Кӯкийрим, Кӯкӯмерен, Узунаҳмад, Қаросу мерезанд. Дар наздикии шаҳри Намангон (деҳаи Балихчӣ) Норин бо Қародарё ҳамроҳ шуда, дарёи Сирро ташкил медиҳад. Аз ҷои яхшавии дарёҳои Норини Калон ва Норини хурд то резишгоҳи дарёи Чӯнгкендук дарё аз водии васеъ ҷорӣ  мешавад.

Аз он ҷо то резишгоҳи дарёи Ахала Норин аз водии тангу чуқур мегузарад ва поёнтар аз шаҳри Учқӯрғон водии дарё торафт васеъ шудан мегирад. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар наздикии шаҳри Корин 87.5 м3/сон; сарфи зиёдтаринаш 772 м3/сон (20 май 1936), камтаринаш 10,2 м3/сон (январи 1938). Манбаи Норин барфу пиряхҳост. Норин барои обёрии заминҳои во­дии Фарғона аҳамияти калон дорад. Канали Калони Фарғона, Канали Ка­лони Андиҷон, Канали Шимоли Фарғона, Канали Калони Намангон аз ҳамин дарё об мегиранд. Дар Норин ГЭС-ҳои Учқӯрғон, Тухтагул сохта шудаанд. Дар соҳили Норин шаҳрҳои Норин, Тошкумир, Учқӯрғон воқеанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …