Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Нил

Дарёи Нил

Нил (ба забони мисроёни ҳозира лотинӣ Nilus, юн. Neilos), дарёест дар Африка. Тӯлаш 6671 километр. Масоҳати ҳавзааш 2870 два. километр2. Ҳавзан Нил территорияи давлатҳои Руанда, Кения, Тан­зания, Уганда, Эфиопия, Судон ва Мисрро пурра ё қисман фаро гириф- тааст. Дарё аэ паҳнкӯҳи Африкаи Шарқӣ бо номи Рукарара оғоз ёфта, баъд аз бурида гузаштани кӯлҳои Виктория, Кога ва Мобуту-Сесе-Секо (Алберт) ба баҳри Миёназамин ме- резад ва дар резишгоҳ делта (ма­соҳат 22 ҳазор километр2) ҳосил мекунад. Шохобҳои калонаш: аз рост — Асва, Собат, Нили Кабуд, Атбара; аз чап — Бадр-ал-Ғазол. Дар болообаш ва байни шаҳрҳои Хартуму Асвон остонаю шаршараҳои зиёде дорад. Дар ҳамвории Судон дарё ба масофаи 900 километр ноҳияи ботлоқзорро бурида мегузарад. Дар ин ҷо маҷрои дарё пур аз бардию (папирусу) обсабзост, ки онҳо садди ҷараёни об шу­да, боиси ҳадафи сеяки об (бухор- шавию ғизои растаниҳо) мегарданд. Режими оби Нил вобаста ба мавсими сол тағйир меёбад. Моҳи июн дар натиҷаи авҷ гирифтаии боронгариҳои кӯҳсори Ҳабаши Эфиопия обхезӣ ба вуқӯъ меояд. Дар поёноби Нил вақти пуробӣ сатҳи об то 6—7 метр ба­ланд мешавад. Сарфи солонаи об (ба ҳисоби миёна) дар наздикии шаҳри Коҳира 2284 метр3/сония, дар моҳи пуробтарин 6435 метр3/сония (сентябр), дар моҳи камобтарин 551 метр3/сония (май) аст.

Бо мақсади танзими ҷараёни дарё чандин дарғот (Асвон, Ҷабалулавлиё, Саннор ва ғайра) ва барои обёрии заминҳо каналҳои калони Юсуф, Иб- роҳимия, Мансурия ва Исмоилия сохта шудаанд. Миқдори лойқае, ни дарё ҳар сол ба киштзор ва кана­лу обанборҳои атрофи шаҳри Асвон меоварад, ба 62 миллион м3 мерасад. Дар Нил ва шохобҳои он ГЭС-ҳои Асвон, Наҷъ Ҳамади, Ал-Файюм, Оуэн-Фолс мавҷуданд. Солҳои 1960—70 бо ёрии СССР дарғоти нав ва баланди Асвон (Ас-Садд-ул-Алй) ва ГЭС-и иқтидораш 2,1 миллион кВт сохта шуд. Аз резиишгоҳ то дарғоти Асвон ва тамоми миёноби дарё киштигард аст. Тӯли умумии роҳи обӣ беш аз 3000 километр. Нил аз моҳӣ бой. Дар водӣ ва делтаи Нил   и97%’ аҳолии Миср зиндагӣ мекунад. Шаҳрҳои калони соҳилҳои Нил: Искандария, Қоҳира, Асвон, Хар­тум.

Адабиёт: Попов И. В., Река Нил, Ленинград, 1958.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …