Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Нигер

Дарёи Нигер

Нигер (Niger), дарёест дар Африкаи Ғарбӣ, дар территорияи давлатҳои Мали, Нигер, Нигерия. Аз ҷиҳати дарозию масоҳати ҳавзааш баъди Нил ва Конго сеюмин дарёи Афри­ка аст. Тӯлаш 4160 км, масоҳаташ ҳав­зааш 2092 ҳазор км2. Нигер аз баландии Леон—Либерия бо номи Ҷолиба ҷорӣ шуда, ба хал. Гвинеяи уқёнуси Атлантик мерезад. Шохобҳои калонаш: аз рост—Мило, Бани; аз чап— Сокото, Кадуна, Бенуз. Дарё аз саргаҳаш тақрибан то 10° а. ш. аз байни кӯҳҳо дар водии тант ҷорӣ шуда, пас ба ҳамвории Судон мебарояд. Остонаҳо дорад: Фафа, Лала, Уру. 180 км болотар аз резишгоҳ делтаи дарё cap мешавад (масоҳаташ 24 ҳазор км2). Болообаш июн — октябр, поёнобаш феврал— апрел обхез мешавад. Манбан оби дарё — боронзои муссонии тобистона. Сарфи миёнаи со­лона» об дар резишгоҳ 8630 м3/сон., ҳангоми обхезӣ то 30— 35 ҳазор м3/сон. Дарё соле 67 млн т лойқа меорад. Захираи калони гидроэнергетикии он қариб истифода намешавад. Дар ҳавзаи дарёи Бенуэ ГЭС сохта шудааст. Қисмҳои алоҳидаи дарё киштигард мебошад. Моҳидорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар соҳилҳояш шаҳрҳои калони Куруса, Бамако, Томбукту ва ғайра воқеанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …