Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Нева

Дарёи Нева

Нева, дарёест дар вилояти Ленин­гради РСФСР. Тулаш 74 киллометр, масоҳати ҳавзааш 5000 киллометр. Аз кули Ладога ҷорӣ шуда, ба халичи Фини баҳри Балтика мерезад. Хеле пуроб. Дар поёнобаш ба шохаҳо (асосиаш: Неваи Калон ва Хурд, Невачаи Калон ва Хурд) тақсим шуда, делтаи васееро ҳосил менамояд, ки дар ҷазирҳои он шаҳри Ленинград воқеъ гаштааст. Сарфи миёнаи об дар резишгоҳ 2530 метр, сония. Аз вазидани шамолҳои сахти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ сатҳи оби Нева дамида, баъзан қисми00000 наздисоҳилии Ленин­град дар зери об мемонад. Обхезиҳои фалокатовар солҳои 1824 ва 1924 рух додааст. Декабр ях баста, охири апрел ва аввали май аз ях мефурояд. Шохоб- ҳояш: аз рост — Охта; аз чан — Ижора, Тосна, Мга. Нева як қисми роҳи оҳни Волгаю Балтика аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …