Главная / Ҷуғрофия / Дарёи Абакан

Дарёи Абакан

Абакан, дарё дар кишвари Крас­ноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи дарёи Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳаташ ҳавзааш 32 000 км2. Дар поёнобаш дар як сония 400м3 об ҷорӣ меша­вад. Дар натиҷаи ба ҳамдигар ҳамроҳ шудани Абакани Хурд ва Абакани Калон, ки аз нишебиҳои шимолии Саяни Ғарбӣ ва кӯҳҳои Олтой сар мешаванд, ба вуҷуд меояд. Ба Обанбори Красноярск мерезад. Манбааш барфу борон. Аз ноябр то охири апрел ях мебандад. Барои чӯбронӣ ва обёрӣ исти­фода мешавад. Дар соҳили Абакан шаҳри Абакан мавҷуд аст.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …