Маълумоти охирин
Главная / Биология / Дарахти РИМ

Дарахти РИМ

safedor

РИМ, р е м (Рори1ия 1адзЫк1з1а- П1са, Р. 1а1азз1са), дарахтест аз ҷинси Сафедор. Ду намуд дорад: 1) Рими тоҷикистонӣ дарахтест, ки барги гуногуншакли (аз нештарӣ то мудаввар; дарозиаш 2,5—5 сантиметр, бараш 1,5—4 сантиметр) думчааш серпашмак (2—3 сантиметр), хӯшагули нарнини тучи дарозрӯя (4,5—5 сантиметр), 38—45-гула, хӯшагули моткини сабз (4—7 сантиметр) ва ғӯза дорад. Март-апрел гул ва май мева мекунад. Махсусан дар ноҳияҳои шарқи Тоҷикистон маъмул аст. Бештар дар соҳили дарёҳои кӯҳӣ, нишебиҳои саинглохи қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва ғайра (500—3000 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Дар доманакӯҳҳо мепарваранд. Хоси Осиёи Миёна аст
Рими талассӣ дарахтест сершох, пӯстлохаш сабзчаи хокистарранг, навдааш зарди бӯртоб, баргаш дандонадор (дарозии барги навдааш 5—8 сантиметр, бараш 3—5 сантиметр), дарозии хӯшагули моткинаш то 10 сантиметр, ғӯзааш мудаввари чиндор, одатан сепағаи бепашмак. Моҳи апрел гул мекунад. Дар соҳили руди кӯҳӣ, минтақаи бешазори қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои Тоҷикистони Шарқӣ (2000—3250 метр аз сатҳи баҳр) месабзад. Ро- ри1из рат1г1са-ро ҳам Саъаан «рим» меноманд.
Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 3. Ленинград, 1968; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976.
М. И. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …