Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи УНҶӢ

Деҳаи УНҶӢ

УНҶӢ, деҳа, маркази совети қишлоқи Унҷии раёни Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази район 8 км. Аҳолиаш 7200 нафар (1985). Дар деҳаи Унҷӣ 2 мактаби миёна, мактаби 8- сола, клуб, хонаи пионерон, касалхона, шӯъбаи алоқа, 3 пункти тиббӣ, 2 яслӣ-боғча, 6 нуқтаи хизмати маишӣ, 9 магазин ва чойхонаю ошхона дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш пахтакорӣ, боғу токдорӣ, кирмакдорӣ ва шоликорист. Аз ёдгориҳои меъморӣ мадраса, Масҷиди калон (мансуби асрҳои 18—19) боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …