Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИЁСАТИ ҚАРЗӢ

СИЁСАТИ ҚАРЗӢ

СИЁСАТИ ҚАРЗӢ, сиёсати кредитӣ, системаи чорабиниҳои пулҳо кредитиест, ки давлат барои ноил шудан ба мақсадҳои муайяни иқтисодӣ истифода мебарад ва яке аз унсурҳои сиёсати умумихоҷагӣ мебошад.

Дар мамлакатҳои капиталистӣ давлати буржуазӣ бо ёрии Сиëсати қарзӣ зиддиятҳои хоси иқтисодиёти капиталистиро сабуктар, яъне бӯҳронҳои давлатиро суст, ннфлятсияро маҳдуд, таносуби баланси пардохтро таъмин карданӣ мешавад. Дар мамлакатҳои капиталистӣ ба усул ва шаклҳои хеле маъмули Сиëсати қарзӣ инҳо мансубанд: тағйири ставкаи ҳисобу китоби банки марказӣ, амалиёт дар бозори кушод (баъзе хелҳои коғазҳои қиматнокро харида фурӯхтани банкҳои марказӣ), тағйир додани нормаҳои захираҳои ҳатмии банкҳои мамлакат.

Дар мамлакатҳои сотсиалимтӣ Сиëсати қарзӣ ба тараққӣ додан ва мустаҳкам намудани истеҳсолоти ҷамъиятӣ равона шудааст. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ миллӣ ва монополияи давлат эълон карда шудани банкҳо барои ҷорӣ гардидани Сиëсати қарзӣ ягона шароити зарурӣ фароҳам овард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …