Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЦОЙ Пётр Васильевич

ЦОЙ Пётр Васильевич

ЦОЙ Пётр Васильевич (тав. 23. 2. 1929, деҳаи Сучани p-ни Тернейски кишв. Примория), олими советӣ дар соҳаи теплотехника, доктори илмҳои техника (1969), проф. (1971). Аъзои КПСС аз с. 1965. Баъди хатми фак-ти физикаю математикаи УДТ (1954) муаллими мактаби миёна, техникум ва солҳои 1962—67 мудири кафедраи теплотехникаи умумии Ин-ти политехникии Тоҷикистон ва аз с. 1967 мудири кафедраи математикаи олии ҳамин ин-т. Тадқиқоти Цой асосан ба теплофизика, теплотехникаи назариявӣ ва таҳияи усули ҳисоби робитаи мутақобилаи нақли гармию массаҳо оидаид. Алгоритми дар ҳисобмошини электронӣ ёфтани ҳалҳои аналитикии масъалаҳои мубодилаи номунтазами гармиро ҳангоми гармкунии ғайрисимметрӣ, ки дар масъалаҳои амалияи гелиотехника ва теплофизикаи бинокорӣ вомехӯранд, таҳия намуд. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино (1987).

Ас.: Методы расчета отдельных задач тепло-и массопереноса, М., 1984.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …