Маълумоти охирин

ШАҲР

city

ШАҲР, маҳалли калони аҳолинишинест, ки сокинони он дар соҳаҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ, идоракунӣ, илм ва маданият кор мекунанд. Шаҳрҳo одатан маркази маъмурӣ ва мадании районҳои атрофи худ мебошанд. Ба Шаҳр. зичии аҳолию биноҳо (бештар биноҳои серошьёна) хос аст. Омилҳои асосии ба категорияи Шаҳрҳо дохил намудани маҳалҳои аҳолинишин чунинанд: шумораи аҳолӣ ва машғулияти он, мавҷудияти корхонаҳои саноатию хизмати маишӣ, фонди манзилии давлатӣ, мактабу донишкадаҳои олӣ, муассисаҳои савдо, хуроки умумӣ, истироҳатию табобатӣ, маданию маърифатӣ, идораҳои хоҷагии коммуналӣ ва ғ. Ба категорияи Шаҳрҳо дохил намудани маҳалҳои аҳолинишин, одатан, аз рӯи тартиби муайяни конун анҷом ёфта, сарҳади Шаҳр муқаррар карда мешавад. Ин талабот дар ҳар мамлакат ҳар хел аст: барои яке шумораи аҳолӣ омили асосист (бояд аҳолии Шаҳр аз 3 то 10 ҳаз. наф. бошад; дар баъзе мамлакатҳо барои Шаҳр ҳамагӣ чанд сад наф. аҳолӣ кифоя аст). Дар СССР ба категорияи Шаҳрҳо дохил кардани маҳалҳои аҳолинишин ба зиммаи республикаҳои иттифоқӣ гузошта шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …