Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЦИТРУСПАРВАРӢ

ЦИТРУСПАРВАРӢ

ЦИТРУСПАРВАРӢ, як соҳаи растанипарварӣ (парвариши растаниҳои цитрусӣ)-ро гўянд. Аввалин корҳоӣ таҷрибавӣ оид ба парваришу санҷиши растаниҳои цитрусӣ дар Тоҷикистон с-ҳои 30 cap шуда буд. Аз с. 1949 cap карда дар р-нҳои водии Вахш тарзи дар хандақҳо парваридани растаниҳои цитрусӣ маъмул гардид.

citrusparvari

Тоҷикистонро вобаста ба хусусиятҳои табиаташ ба нуҳ ноҳияи экологии Цитруспарварӣ ҷудо мекунанд ва ҳоло дар шаштои он (Тоҷикистони Шимолӣ, водиҳои Ҳисор, Вахш, Кофарниҳони Поён, д. Панҷ, водии Қизилсу ва Яхсу) растаниҳои цитрусӣ мепарваранд. Вале барон Цитруспарварӣ оештар шароити Тоҷикистони Ҷанубӣ — водиҳои Вахш, Кофарниҳони Поён (водии Бешкент низ) ва д. Панҷ мувофиқ аст.

Дар Тоҷикистон аз растаниҳои цитрусӣ асосан лиму,инчунин афлесун, норанҷ ва грейпфрутро мепарваранд. Дар р-нҳои водии Вахш 4 совхоз ва 42 колхоз ба лимупарварӣ машғуланд. Ҳосилнокии лиму дар хоҷагиҳои водии Вахш аз ҳар га андаряк 100—120 ц аст. Ҳосили умумии растаниҳои цитрусӣ дар сектори ҷамъиятии республика ба 10 ҳаз. ц (баъзе солҳо то 12 ҳаз. ц) мерасад.

Цитруспарварӣ соҳаи сердаромад аст. Хоҷагиҳои вил. Қӯрғонтеппа аз ҳар га лимузор 8—18 ҳаз., Ст. таҷрибавии зироати субтропикии Вахш 40—50 ҳаз. сӯм даромади соф мегиранд.

Дар инкишофи Цитруспарварии республика саҳми Станцияи таҷрибавии зироати субтропикии Вахш, лауреатҳои Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Ибни Сино Цулая В. И. ва Эшонқулов У., олимони цитруспарвар Абаев М. Н., Ёрбобоев Н. Д., Ҷӯраев Н., Рукнидинов К. ва диг. калон аст.

У. Эшонқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …