Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЦИТОЛОГИЯ

ЦИТОЛОГИЯ

citology

ЦИТОЛОГИЯ (аз юн. kytos — ҳуҷаайра ва ..логия), илмест доир ба ҳуҷайра. Цитология ҳуҷайраи ҳайвоноти бисёрҳуҷайра, растанӣ, организмҳои якҳуҷайраи ҳайвонию наботӣ, бактерияҳо ва ғ-ро меомӯзад. Тараққиёти Цитология то ибт. а. 20 ба инкишофи усулҳои тадқиқи ҳуҷайра вобаста аст. С. 1665 бори нахуст Р. Гук сохти ҳуҷайраи як қатор бофтаҳои набототро бо микроскоп мушоҳида кард То ох. а. 17 М. Мальпиги (Италия), Н. Грю (Британияи Кабир), А. Левенгук (Нидерландия) ва диг. муқаррар намуданд, ки бофтаи аксар растаниҳо аз ҳуҷайра иборат аст. Левенгук ғайр аз ин аввал эритроситҳо  (1674), организмҳои якҳуҷайра (1675, 1681), нутфаи ҳайвоноти мӯҳрадор (1677) ва бактерияҳоро (1683) тавсиф намуд С. 1835 олими немис X. Моль тақсимшавии ҳуҷайраи растаниро мушоҳида кард. Олими немис Т. Шван солҳои 1838—39 дар заминаи назарияи инкишофи ҳуҷайра, ки ботаники немис М. Шлейден пешниҳод карда буд, назарияи умумии ҳуҷайравии сохт ва инкишофи ҳайвоноту набототро ба амад овард. С. 1882 олими рус И. И. Мечников фагоцитози ҳуҷайраҳои хунро кашф намуд. Цитология дар баробари ҳалли масъалаҳои назариявӣ як қатор масъалаҳои муҳимми биологӣ, тибби ва х. қ.-ро низ ҳал мекунад. Вобаста ба мавзӯъ ва усулҳои тадқиқ қисматҳои зерини Цитология— цитогенетика, кариосистематика, цитоэкология, Цитологияи радиационӣ, Цитологияи онкологӣ, имуноцитология ва ғ. мавҷуданд. Дар соҳаи илми Цитология олимони советӣ Д. Н. Насонова ва В. Я. Александров (ошкор намудани паранекрози ҳуҷайра, с. 1940) саҳми арзанда гузоштанд. Доир ба баъзе масъалаҳои Цитология дар Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон, Ин-ти тиббии Тоҷикистон, Ин-ти зоология ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон, Ин-ти х. қ.-и Тоҷикистон, Шӯъбаи генетикаи умумӣ ва пахтаи АФ РСС Тоҷикистон, кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи УДТ ва ғ. тадқиқот мебаранд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …