Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЦИРРОЗИ ҶИГАР

ЦИРРОЗИ ҶИГАР

cirrozi-jigar

ЦИРРОЗИ ҶИГАР, як навъ бемории музмини авҷгирандаи ҷигарро гӯянд, ки ҳангоми аз бемориҳои сироятӣ (гепатити вирусӣ ва ғ.),заҳролудшавӣ (аз алкоголҳо, гиёҳи ғижмалос, хлороформ, фосфор, арсен) ва ғ. иллат ёфтани он ба амал меояд. Дар натиҷаи беморӣ ҷигари одам ноқис, фишори сиёҳраги даромадгоҳи он баланд ва диг. узвҳо низ осеб меёбанд. Истилоҳи Циррози ҷигарро, с. 1819 духтур ва анатоми франсавй Лаэннек (барои ифодаи беморие, ки дар натиҷаи он ҷигар зард, пурчин ва сахт мешавад) пешниҳод кардааст. Илтиҳоби роҳҳои талхарон (холангит) ва руст шудани найчаҳои талхарон боиси Циррози ҷигар шуда ме­тавонад. Ихтилоли гардиши хуни дохили ҷигар, вайрон шудани мубодилаи моддаҳо (ҳангоми тиреотоксикоз, фасиолёз, касалии қанд ва ғ.), бемориҳои аутоиммунӣ ва баъзан сил, бруцеллёз, сифилис, описторхоз, клонорхоз ба инкишофи Циррози ҷигар кӯмак мекунанд. Зуҳуроти Циррози ҷигар гуногун (суст шудани организм, лоғару беҳолӣ, дард кардани шикам, ихти­лоли ҳозима, боди шикам, калоншавии ҷигару сипурз, заъфарма, истисқоҳo, баланд шудани таб ва ғ.) буда, ба шаклу давраи беморӣ вобаста аст. Дар Иниститути гастроэнтерологияи АФ РСС Тоҷикистон як қатор усулҳои ташхису муолиҷаи Циррози ҷигарро дарёфт кардаанд. Мас., биопсияи ҷигар тавассути сӯзан, таҳлили полярографии зардоби хун ва шикам, таҳлили микрохимиявии гомогенатҳои бофтаи ҷигар ва ғ.

Муолиҷаи бармаҳали Циррози ҷигар ба ремиссия (муваққат сабук шудани ҷараёни беморӣ) ва беҳтар шудани ҳолати бемор имконият медиҳад. Пешгирӣ: мубориза бо бемориҳое, ки боиси Циррози ҷигар мегарданд (махсусан гепатити вирусӣ ва майзадагӣ); муолиҷаи бармадҳли гепатитҳои шадид ва музмин.           3. М. Бобохоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …