Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЦИРКОН

ЦИРКОН

cirkon-metall

ЦИРКОН (нем. Zirkon, аз калимаи тоҷикии заргун), минералест аз синфи силикатҳо, ZrSiO. Аксар вақт омехтаи элементҳои нодирзамин — гафний, торий, уран ва ғ. дорад. Зард, сурхи ҷигаритоб, хокистарранг, гулобӣ ва баъзан беранг мешавад. Сахтиаш 7—7,5; зичиаш 3,9—4,7 г/ см3. Хосияти радиоактивӣ дорад.

Циркон ҳамчун минерали акцессорӣ ба таркиби бисёр ҷинсҳо — гранитҳо, сиенитҳо, пегматитҳои ишқорӣ ва ғ. дохил мешавад. Навъҳои сурх ва зарди шаффофи Циркон сангҳои қиматбаҳоянд. Циркон маъдани цирконий ва гафний мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …